Табдили номи маҳалҳо дар Суғд
Душанбе, 1 март.(АМИТ Ховар, Марзия Саидова).-Як қатор маҳалҳои аҳолинишини вилояти Суғд табдили ном карданд. Дар ин хусус аъзои палатаи болоии Парлумони малакат дар иҷлосияи сенздаҳуми Маҷлиси миллӣ дар асоси пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва илтимосномаҳои Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд қарорҳои марбута қабул намуданд. Ҳамин тавр дар деҳоти Навбаҳори ноҳияи Мастчоҳ номи деҳаҳои Учбулоқ ба Гулрез, Умматӣ ба Заркон, Қушқудуқ ба Нурофарин, Қазоқобод ба Файзобод, Шакарбулоқ ба Шакарчашма, Ҷарбулоқ ба Наврӯзӣ , Қучқорлӣ ба Куҳдара, Қароқушхона ба Сафо, Қуруқсой ба Чаманистон, Авзикент ба Хушманзара, Каналёқа ба Файз, Чувулоқ ба Оби шифо, Мишиқул ба Зарнигор, Таракент ба Тораканд, Қарингул ба Сайри чаман, Янгиобод ба Навбаҳор, Ғаров ба Гулзор, Тутлӣ ба Тутзор, Тошбулоқ ба Сангчашма, Ҷумъабойота ба Навниҳол, Етимчӯқӣ ба Ваҳдатобод, Уртақишлоқ ба Чаманоро ва Апон ба Меҳровар иваз шуданд. Дар деҳоти Чашмасор, Исмоил, Исфисор ва Дадабой Холматови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров номи деҳаҳои Ҷинқилик1 ба Куҳсор, Тупчоқ ба Дараи боло, Қичиқайрӣ ба Деҳқонобод, Катта-айрӣ ба Хӯҷаобод, Четтик ба Шаббода, Ҳулбабулоқ ба Ҳулбазор, Айнабулоқ ба Чашмаи зулол, Дӯнгбулоқ ба Сечашма, Қаторбулоқ ба Мевагул, Хомработ ба Некроҳ, Кӯшмола ба Сардоб, Беғулӣ ба Барфоб, Қизилбулоқ ба Сурхчашма, Қоқ ба Дашти калон, Ҷаркӯтан ба Испандзор, Капалӣ ба Насимбод, Ҷинғилик2 ба Сарчашма, Тераклӣ ба Сафедорак, Янгиқишлоқ ба Шамсобод, Қипчоқ ба Сабзазор, Таклӣ ба Гиёҳҳдара, Олмалӣ ба Себистон, Куйбишев ба Заркорон, Водник ба Обшорон, Ҷавпузлӣ ба Доманакуҳ, Комсомолский ба Ҷавонӣ, Янгиер ба Фаровон, Апон ба Оламтоб табдил дода шуданд. Ҳамзамон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов номи деҳоти Ӯзбекқишлоқ ба деҳоти Сомониён, инчунин номи деҳаҳои Янтоқзор ба Гулафшон, Қарокамар ба Кавсар, Янгиобод ба Меҳргон, Оқтеппа ба Нурафзо, Иторчӣ ба Бахтовар, Олмабароз ба Зархез, Янгиқишлоқ ба Навбунёд ва Дӯстлик ба Дӯстӣ иваз шуданд. Ин деҳаҳо дар ҳудуди деҳоти Ҳаёти нав, Ғулакандоз ва Гулхонаи ноҳияи Ҷаббор Расулов воқеъ мебошанд.13.44.








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






