Татбиқи лоиҳаҳои энергетикӣ — самти афзалиятноки кишвар
Душанбе, 28 март. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – 27 март дар шаҳри Душанбе мулоқоти вазири энергетика ва саноати ҶТ Гул Шералӣ бо вазири молияи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳазрат Умар Заҳилвол баргузор гардид. Тавре ки аз котиботи Вазорати энергетика ва саноати ҶТ ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, зимни мулоқот масоили ҳамкории дуҷониба дар бахши энергетика, аз ҷумла масъалаҳои марбут ба татбиқи лоиҳаи CASA (КАСА) -1000, лоиҳаҳои марбут ба сохтмони хатҳои интиқоли барқи Тоҷикистон – Афғонистон – Эрон, ҳамчунин бунёди хатҳои интиқоли барқи Тоҷикистон — Афғонистон – Туркманистон мавриди муҳокима қарор гирифтанд.Ҷонибҳо аз натиҷаи мулоқот изҳори қаноатмандӣ карда, зикр намуданд, ки рушди ҳамкорӣ дар ин бахш ба нафъи ҳар ду кишвар хоҳад буд.








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






