Татбиқи лоиҳаи обтаъминкунӣ ва беҳдоштӣ дар Тоҷикистон
Душанбе, 18 март. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Лоиҳаи обтаъминкунӣ ва беҳдоштӣ дар Тоҷикистон (ТоҷВСС) рӯзи 19 марти соли 2013 ба таври расмӣ системаи обтаъминкунӣ ва беҳдоштиро ба ҳукумати ноҳияи Рӯдакӣ ва ҷамоати Роҳатӣ месупорад. Ба мухбири АМИТ «Ховар» мутахассиси робита бо ҷомеа ва ҳисоботдиҳии лоиҳаи «Обтаъминкунӣ ва беҳдоштӣ дар Тоҷикистон» Дилафрӯз Усмонова иттилоъ дод, ки дар маросими супоридани системаи обтаъминкунӣ ва беҳдоштӣ сардори шуъбаи экология ва ҳолатҳои фавқулоддаи дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ Хайрулло Ибодзода Хайрулло, вазири мелиоратсия ва хоҷагии оби ҶТ Раҳмат Бобокалонов, раиси ноҳияи Рӯдакӣ Саидмурод Тағоев, директори минтақавии Раёсати рушд оид ба ҳамкориҳои Швейтсария Питер Микула ва директори минтақавии Оксфам дар Тоҷикистон Ғозӣ Келланӣ даъват шудаанд. Системаи обтаъминкунӣ дар ҷамоати Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ ҷойгир шуда, 7,800 нафар аҳолии қишлоқҳои Навобод, Доваи Боло, Доваи Роҳатӣ, Нилкон ва Меҳтариро бо об таъмин мекунад. Системаи нави обтаъминкунӣ аз 20 км қубур, 137 лӯлаҳои обрези ҷамъиятӣ (водопровод), обанбор бо ғуноиши 165 метри кубӣ ва иншооти обҷамъкунӣ, ки бо системаи ҳимоя ва хлор намудани об таҷҳизанд, иборат мебошад. Аз рӯи иттилои манбаъ, аз 6 системаи обтаъминкунӣ, ки бояд дар соли 2013 ба истифода дода шавад, аввалинаш дар маросими мазкур супорида мешавад. Дар оянда 6 система дар якҷоягӣ зиёда аз 22 ҳазор нафар одамонро бо оби ошомиданӣ таъмин хоҳад кард. Ҷамоати Роҳатӣ барои сохтмони системаи нави обтаъминкунӣ сахт ниёз дошт. Инфрасохтори мавҷуда, дар соли 1973 сохта шуда буд. Совхоз (мақомоти ҳукумати маҳал дар даврони советӣ) барои хизматрасонии техникӣ ва нигаҳдории ситема масъул буд. Пас аз пошхӯрии Иттиҳодли Шӯравӣ система дигар соҳиб ва ё танзимгари аниқ надошт ва ин ба пурра вайрон гардидани системаи пешина оварда расонид. Дар маҳалли амалишавии лоиҳа зиёда аз 70 фоизи аҳолии 5 қишлоқ ба оби ошомиданӣ дастрасӣ надоштанд ва 30 фоизи боқимонда аз оби бесифат, ки он ҳам на ҳама вақт дастрас буд, истифода мебурданд. Ҷамоати Рӯдакӣ соҳиби системаи нав мешавад. Ҷамоат дар асоси шартнома идораи системаро ба оператори маҳаллӣ (Ассотситасияи истифодабарандаогониоб- АИО) медиҳад. Соҳибмулкони алоҳида ва танзимгари системаи обтаъминкунӣ тарзи таъсирнокӣ дар таъмини дурударози устуворӣ мебошад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон идораи системаи обтаъминкунии деҳотро ба воситаи АИО, ки то андозае таъсирноктар аст, дастгирӣ мекунад. Аз лоиҳаи ТоҷВСС ва мақомоти маҳаллии ҳукумат АИО кӯмакҳои техникӣ ва омӯзишӣ мегирад.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дастовардҳои варзишгарони ноҳияи Ёвон дар соли 2025 муаррифӣ карда шуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон соли 2025 бо ҷалби 30 ҳазор аҳолӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ҳамоиш гузаронид
Доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҳамоиш баргузор шуд
Бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 1500 мегаватт Тоҷикистонро ба давлати тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил медиҳад
Big Data дар смартфони Шумо: чӣ тавр операторон пешниҳодҳои махсус омода менамоянд?
Соли 2025 кишоварзони шаҳри Турсунзода дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда гузоштанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






