Тоҷикистон узви комилҳуқуқи СҶТ гардид
Душанбе, 4 март.(АМИТ “Ховар”, Марзия Саидова).-Ҷумҳурии Тоҷикистон узви комилҳуқуқи Созмони ҷаҳонии тиҷорат (СҶТ) гардид. Ин рӯйдоди таърихӣ расман 2-юми марти соли 2013 ба вуқуъ пайваст.Идораи давлатии Швейтсария дар умури иқтисод (SECO) ва Маркази байналмилалии тиҷорат (МБТ) Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо вуруди расмияш ба СҶТ табрик намуда, ҷиҳати идомаи мусоидат ба Тоҷикистон дар марҳилаи пас аз узвият изҳори омодагӣ менамоянд. Раҳбари Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ Питер Микула мегӯяд: “Шомил гардидани Тоҷикистон ба СҶТ танҳо бо иродаи қавии сиёсӣ ва талошҳои Президент ва Ҳукумати Тоҷикистон имконпазир гардид. Швейтсария ба паймони худ дар мавриди ҳамкорӣ бо Тоҷикистон ҷиҳати мусоидат дар иҷрои талаботи СҶТ содиқ мемонад. Дар солҳои баъдӣ Швейтсария ёриҳои худро ба Тоҷикистон дар самти татбиқи талаботи СҶТ (хидматрасониҳо, монеаҳои техникӣ дар тиҷорат, чораҳои санитарӣ ва фитосанитарӣ ва ҳуқуқи муаллифии марбут ба тиҷорат (TRIPS)), соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагӣ ва дигар мавзӯоти марбут ба марҳилаи пас аз вуруд ба СҶТ идома медиҳад. “Узвият дар СҶТ барои Тоҷикистон қадами бузурге ба пеш дар роҳ ба сӯи истиқрори иқтисоди босубот аст. Вале иҷрои аҳду паймонҳои қабулшуда ҳини ворид ба созмон чолише барои оянда боқӣ мемонад. Узвият дар СҶТ тағйироти чашмрас дар соҳибкорӣ, омӯзиш ва назоратро талаб мекунад, то тавоноии содиротии кишвар бар пояи қавӣ ва ғайримаъмулӣ боло равад. Рақобатпазирии саноати дохилӣ низ аз фазои соҳибкорӣ ва омилҳои дигар, ба монанди арзиши энержӣ, мухобирот, хидматрасониҳои молӣ, зерсохтор ва ғайра вобаста аст. Узвият дар СҶТ ба беҳсозии ин фазо мусоидат менамояд, агар ҳукумат ва бахши хусусӣ ислоҳоти дохилиро бо тавофуқ бо ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор идома бидиҳанд.” – меафзояд Питер Микула. Дар ин росто Саидраҳмон Назриев, муовини вазири рушди иқтисод ва савдои кишвар мегӯяд: “Аз оғози талошҳо барои узвият дар СҶТ, SECO ҳамкори созанда ва боарзиши мо буд ва дар роҳандозии ислоҳоти лозимаи дохилӣ ва болобарии тавоноии мо дар гуфтушунидҳо ҷиҳати узвият бо шароити матлуби иқтисодӣ мусоидат намуд. Акнун Тоҷикистон узви комилҳуқуқи СҶТ гардид, вазифаи калидии мо таҳияи Нақшаи роҳи давлат барои марҳилаи 4-5 солаи пас аз воридшавӣ аст. Ин иқдом ба ниҳодҳои марбутаи давлатӣ ва бахши хусусӣ мусоидат хоҳад дод, то аз имкониятҳо баҳра бигиранд ва ба чолишҳои узвият дар СҶТ омода бошанду посух бидиҳанд. Нақшаи роҳ дар моҳҳои оянда таҳия хоҳад шуд ва барои омӯзиш ва табодули назар ба вазорату ниҳодҳои давлатӣ ва ҳамкорони байналмилалӣ фиристода хоҳад шуд, гуфт дар фарҷом Саидраҳмон Назриев.








5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад






