100 компютери нав барои донишгоҳ

Апрель 11, 2013 09:19

Душанбе, 11 апрел. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева).-Тавре ки котиби матбуотии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ Бахтиёри Абдураҳим ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар дод, баҳри таҳкими заминаи техникии донишгоҳ 100 адад компютер ва 20 адад принтер харидшуд.  Дар ҷамъомаде, ки бахшида ба тақсими компютерҳо доир гардид, ректори донишгоҳ Абдуҷаббор Раҳмонов зикр кард, ки ин компютерҳо вобаста ба дархости сохторҳои донишгоҳ тақсимбандӣ шудаанд ва дар нақша ҳаст, ки ба наздикӣ боз 150 адад компютери дигар харидорӣ намоянд.Дар такя бар гуфтаи сарвари таълимгоҳ, раёсати донишгоҳ кӯшиш ба харҷ медиҳад, то дар ояндаи наздик дар маърифатгоҳамон барои ҳар се нафар донишҷӯ як компютер бошад. Дар асоси нақшаи дурнамои донишгоҳ дар соли 2020 шумораи компютерҳои таълимгоҳ чандин баробар афзоиш дода мешавад, ки ба ҳар нафар донишҷӯ як адад рост меояд. Бино бар иттилои ректор, вазири маорифи кишвар ваъда дода, ки барои донишгоҳ 13 тахтаи электронӣ тақдим хоҳад кард. Таҷҳизи сохторҳои донишгоҳ имкон фароҳам меорад, ки омӯзгорону донишҷӯён ба технология навин дастрасии бештар пайдо кунанд.

Апрель 11, 2013 09:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад