Ҳаҷми муомилот дар бозори байнибонкии асъор 836 баробар афзудааст
Душанбе, 26 апрел. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – «Дар соли 2012 нисбат ба соли 2006 ҳаҷми қарзҳои пешниҳоднамудаи ташкилотҳои қарзии ватанӣ 3,4 баробар зиёд гардида, сатҳи дороии онҳо 4,4 ва сармояи тавозунӣ 6 баробар, ҳаҷми қарзҳои хурд 6 ва ҷалби маблағгузории хориҷӣ 4 баробар афзоиш пайдо кард», — иброз дошт 26 апрели соли равон Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси олӣ. Сарвари давлат иброз дошт, ки пешгирии болоравии сатҳи таваррум ва татбиқи сиёсати мутавозини пуливу қарзӣ дар ҳамоҳангӣ бо сиёсати андозу буҷа имкон дод, ки дар давоми 6-7 соли охир сатҳи таваррум аз 19,7 фоиз то 6,4 фоиз, яъне беш аз 3 баробар коҳиш дода шавад. «Ҳол он, ки дар соли 1995-ум меъёри таваррум қариб ба 1000 фоиз ва қарзи берунии мамлакат ба 130 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ баробар шуда, соли 2000-ум сатҳи таваррум қариб 61 фоизро ташкил дода буд», — зикр намуд Э. Раҳмон. Роҳбари давлат тазаккур дод, ки дар ин раванд, қабл аз ҳама, вобаста ба вазъи макроиқтисодӣ паст кардани фоизи бонкӣ, фаъол намудани бозори қарзӣ, бозори асъор ва коғазҳои қиматнок, татбиқи босамари сиёсати пуливу қарзӣ, баланд бардоштани сатҳи таъминнокии иқтисодиёт бо пул ва афзун намудани захираҳои байналмилалӣ нақши муассир гузоштанд. Ҳаҷми муомилот дар бозори байнибонкии асъор дар ҳафт соли охир 836 баробар афзуда, ҳаҷми захираҳои асъорӣ 4,3 баробар зиёд гардид. Роҳбари давлат таъкид намуд, ки бо вуҷуди ин, зарур аст, ки ислоҳот дар низоми бонкдории кишвар идома дода, ҷиҳати васеъ ҷорӣ намудани хизматрасонии электронӣ ва шаффофияти фаъолият назорати бонкӣ ва амалисозии мониторинги молиявӣ пурзӯр шавад.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






