Ҳадафҳои созандаи «Насли созанда»

Апрель 15, 2013 16:09

Душанбе, 15 апрел. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Дар маркази вилояти Суғд- шаҳри Хуҷанд аксияи ҲХДТ таҳти унвони «Насли созанда» баргузор гардид, ки дар доираи он ҳафт чорабинии гуногуни фарҳангию варзишӣ ва ҳарбию ватандӯстӣ доир шуд. Меҳмонон аз ҷараёни шанбегии умумишаҳрӣ, ки дар он беш аз 15 ҳазор сокинону донишҷӯёни макотиби олӣ, мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ иштирок доштанд, дидан карданд ва дар «Ярмарка-фурӯши китобҳо ва намоиши асарҳои рассомони ҷавон» ширкат намуданд. Маҳсули дастони пурҳунари рассомони ҷавони мактабҳои рассомии маркази вилоят, шаҳри Чкаловск ва ноҳияи Б.Ғафурову ноҳияи дурдасти Ашт, расмҳои дар рӯи асфалт кашидаи хонандагони мактаби президентӣ табъи меҳмононро болида сохт. Дар қисмати расмии чорабинӣ Нависандаи халқииТоҷикистон Муҳиддин Хоҷазод ва шоир Неъмат Оташ ҷавононро даъват карданд, ки ҳаётро ғанимат донанд, бештар илму ҳунар омӯзанд ва бо маънои томаш насли созандаи Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо бошанд.Тибқи нақша он рӯз дар Хонаи маданияти №1 маҳфили сиёсии бонувони ҳизбии вилоят баргузор гардид,ки дар он ходимони давлатию ҷамъиятӣ, пешқадамони истеҳсолот аз тамоми ноҳияҳои вилоят ширкат варзида, фикру андешаи худро оид ба масъалаҳои мубрами рӯз баён доштанд. Ҳозирин аксияи «Насли созанда»-ро дар соли баргузории чорабиниҳои сиёсӣ аз омилҳои муҳими баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии ҷомеа, пешгирии ҷавонон аз роҳи хато ва расидан ба ҳадафҳои созандагии Ҳукумати ҷумҳурӣ ва ҲХДТ номиданд. Ҳамчунин ба 18 нафар аъзои нави ҲХДТ шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.

Апрель 15, 2013 16:09

Хабарҳои дигари ин бахш