Ҳафтаи китоби кӯдакон

Апрель 3, 2013 11:40

Хоруғ, 3 апрел. (АМИТ «Ховар», Ҷангибек Улфатшоев).- Дар саросари ҷумҳурӣ 2 апрел фестивали умумиҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» оғоз ёфт. Ба ин муносибат дар Кохи ҷавонони шаҳри Хоруғ бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят, адибон, хонандагону омӯзгорон маҳфили шукуҳманд баргузор шуд. Муовини раиси вилоят Қиматгул Алибердиева дар бораи аҳамияти китоб дар ҳаёти инсон, қадру қимати он дар ҳамаи давру замонҳо сухан ронд. Толибилмон дар ситоиши китоб, илму дониш шеърҳо қироат карданд. Ҳамчунин раиси бахши бадахшонии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Лаълҷубаи Мирзоҳасан, шоирон Кӯйбек Шарифзода, Алидоди Чароғабдол, Гулнисои Атоӣ сари ин мавзӯъ ҳарф зада, кӯдакону наврасонро бо фарорасии ҳафтаи китоб табрик гуфтанд.

Апрель 3, 2013 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш