Ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти муқовимат бо ҷиноятҳои мухаддиротӣ
Душанбе, 12 апрел. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – «Тоҷикистон дар татбиқи барномаҳои минтақавии Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ дар муборизаи муташаккилона бо мухаддирот дар Афғонистон ва кишварҳои ҳамсоя дар солҳои 2011-2014 фаъолона ширкат мекунад ва аз он пуштибонӣ менамояд. Дар доираи ин барнома моҳи январи соли 2012 шаҳри Душанбе бо дастгирии Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ, намояндагиҳои он дар Афғонистон ва Тоҷикистон ҷаласаи роҳбарони сохторҳои зиддимухаддиротии Афғонистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он иттиҳоди нави минтақавии мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир бо номи “Ташаббуси АҚТ” шакл гирифт”, — гуфт 10 апрели соли равон директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенанти милитсия Рустам Назаров зимни конфронси “Ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти муқовимат бо ҷиноятҳои муташаккили трансмиллии мухаддиротӣ”. Ба мухбири АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Агентии назорати маводи нашъаовари ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, ки директори Агентӣ ҳамчунин дар бораи самтҳои асосии сиёсати зиддимухаддиротии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, оид ба вазъи вобаста ба маводи мухаддир дар минтақа, равандҳои рушди он, ҳамчунин дар бораи мақолаҳое, ки ахиран дар матбуот интишор ёфтаанд, ибрози назар намуд. Вай қайд кард, ки Тоҷикистон аз нахустин рӯзҳои эълони истиқлолият ҳар ташаббуси ақлонӣ ва бунёдиро дар муқобилият бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва нашъамандӣ пуштибонӣ кардааст ва имрӯз ҳам пуштибонӣ мекунад. «Дар ин давра Тоҷикистон Конвенсияҳои зиддимухаддиротии солҳои 1961, 1971, 1988 СММ-ро ба тасвиб расонд. Солҳои 1996-2007 дар ҷумҳурӣ ду Барномаи миллии давлатӣ татбиқ шуданд. Ҳамчунин татбиқи ““Барномаи ягонаи пешгирии нашъамандӣ ва муқобилият бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008 – 2012” бо муваффақият ба анҷом расид. Қадами навбатӣ ин Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тасдиқи “Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-202” буд, ки моҳи феврали соли равон содир шуд”,-гуфт Р.Назаров. Директори Агентӣ ҳамчунин аз мавқеи Ҳукумати ҷумҳурӣ дар ҳалли масъалаҳои минтақавӣ ва зарурати рушди минбаъдаи ҳамкориҳои самаранок дар самти мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир сухан ронд.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






