Ҳамовозии Созандагони Ватан ба даъвати шаҳрдории пойтахт

Апрель 27, 2013 10:55

Душанбе, 27 апрел. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Дар асоси даъвати шаҳрдори пойтахтмуҳтарам Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷиҳати омодагӣ баҷашну санаҳои пешистода ва умуман, тозаву обод нигоҳдоштани пойтахти азизамон шаҳри Душанбе имрӯзкормандони ҳамаи ташкилоту муассисаҳо новобаста азшакли моликияташон, донишҷӯёну хонандагон, сокинонимаҳаллаҳо, истиқоматкунандагони биноҳои баландошёнава кулли сокинони пойтахт ба шанбегии умумишаҳрӣбаромаданд. Аз ҷумла, ин даъвати шаҳрдори пойтахт азҷониби ҳизбиён ва ҷонибдорони Ташкилоти ҷамъиятииҷавонон «Созандагони Ватан» низ ҳамовозӣ пайдо намуда,кормандони масъули кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, аъзо ваҷонибдорони Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» бо либосҳои рамзӣ дастаҷамъонадар шанбегӣ ширкат варзиданд ва барои тоза намудани кучаву хиёбонҳо ва роҳраву ҷуйборҳо саҳмгузоштанд.

Апрель 27, 2013 10:55

Хабарҳои дигари ин бахш