Ҳашари умумишаҳрӣ дар Душанбе

Апрель 26, 2013 16:33

Душанбе, 26 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Пагоҳ — 27 апрел дар пойтахти ҷумҳурӣ -шаҳри Душанбе ҳашари умумишаҳрӣ гузаронида мешавад. Дар ин рӯз тамоми кормандони вазорату идораҳо, муассисаю корхонаҳо новобаста аз шакли моликияташон, инчунин ҷавонон, намояндагони институтҳои шаҳрвандӣ ва аҳли ҷамоатчигии пойтахт ба ҳашари умумишаҳрӣ баромада, дар тозаю озода ва ба тартиб даровардани утоқҳои корӣ, саҳни вазорату идораҳо, корхонаю муассиса, маҳалли зист ва кӯчаю хиёбонҳои пойтахт саҳм мегузоранд. Ҳашари умумишаҳрӣ дар доираи омодагии пойтахт ба Рӯзи ҷавонон, ки ҳамасола 23 май таҷлил мегардад, гузаронида мешавад. Ҳамзамон интизор меравад, ки рӯзҳои 25 май ва 22 июн ба ифтихори истиқболи сазовори Рӯзи ваҳдати миллӣ чунин ҳашари умумишаҳрӣ бо ҷалби васеи аҳли ҷамоатчигии пойтахт барпо шавад.

Апрель 26, 2013 16:33

Хабарҳои дигари ин бахш