Ҳерман ван Ромпей: «Ҳамеша пуштибони мавқеи Тоҷикистон ҳастем»
Душанбе, 12 апрел. (АМИТ «Ховар», Афшини Муқим).- Зимни изҳороти матбуотӣ Президенти Шӯрои Иттиҳоди Аврупо Ҳерман ван Ромпей аз мулоқотҳои қаблии худ бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, онро пурнатиҷа арзёбӣ кард. Мавсуф шомил гардидани Тоҷикистон ба Созмони умумиҷаҳонии савдоро ба Президент ва мардуми Тоҷикистон таҳният гуфта, ин омилро дар самти рушди минбаъдаи иқтисодӣ ва тақвияти ҳар чӣ бештари муносиботи иқтисодӣ бо Иттиҳоди Аврупо муҳим хонд. «Иттиҳоди Аврупо дар самти татбиқи лоиҳаҳои зиёди иҷтимоӣ ва рушди бахши хусусӣ бо Тоҷикистон ҳамкориҳои босамар дорад», — иброз дошт Ҳерман ван Ромпей. Номбурда илова намуд, ки Иттиҳоди Аврупо дар партави роҳандозии стратегияи нави худ барои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва созишномаи ҳамкорӣ бо ин кишварҳо мусоидати худро пайваста идома хоҳад дод. Президенти Шӯрои Иттиҳоди Аврупо гуфт: «Мо мавқеи Тоҷикистонро ҷиҳати таъмини демократикунонии ҷомеа пуштибонӣ менамоем» Бо ёдоварӣ аз баргузории интихоботи президентӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳерман ван Ромпей таъкид намуд, ки интихоботи қарибулвуқуи президентӣ дар Тоҷикистон бояд инъикосгари омодагии кишвар баҳри таъмини демократикунонии ҷомеа ва бисёрандешии сиёсӣ дар ин кишвар бошад. Ба қавли Ҳерман ван Ромпей тавлиди нерӯи барқ бо истифода аз захоири обии дохилӣ аз муҳимтарин масоили ин дидор буд. Мавсуф густариши минбаъдаи ҳамкориҳои амниятӣ бо кишварҳои ҳамҷавори Афғонистонро муҳим арзёбӣ кард. Ҳерман ван Ромпей ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои даъват ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ дар Тоҷикистон арзи сипос намуд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сатҳи кунунии ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупоро дар маҷмуъ қаноатманд арзёбӣ намуда, таъкид дошт, ки Иттиҳоди Аврупо аз рӯи нишондиҳандаҳои гардиши мутақобилаи мол дар қатори панҷ шарики асосии тиҷоратии Тоҷикистон қарор дорад. Сарвари давлат ҳамкории ҷониби Тоҷикистон бо кишварҳои Аврупоро омили асосии рушди ҷомеаи демократии Тоҷикистон унвон карда, илова намуд, ки : «Мо стратегияи нави Иттиҳоди Аврупоро нисбат ба Осиёи Марказӣ ҷонибдорӣ намуда, изҳори умед менамоем, ки он дар самти густариши ҳамкориҳои минтақавӣ нақши ҳалкунанда хоҳад гузошт»,- таъкид дошт Эмомалӣ Раҳмон.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






