Ҳофизони Қуръони маҷид дар Душанбе ҷамъ меоянд

Апрель 18, 2013 11:13

Душанбе, 18 апрел.(АМИТ «Ховар»,Марзия Саидова).-Нимаи аввали моҳи майи соли ҷорӣ дар пойтахти ҷумҳурӣ- шаҳри Душанбе озмуни ҷумҳуриявии ҳифзи Куръони Карим гузаронида мешавад. Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам Абӯҳанифа созмондиҳандаи ин чорабинии фарҳангӣ маҳсуб меёбад. «Дар озмуни ҳофизони Қуръони Карим кӯдакону наврасон ва ҷавонони то 25- сола, ки 20 ҷузъи Қуръони азимушаънро аз бар кардаанд, ҳуқуқи иштирок карданро доранд», гуфт зимни суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Қобилҷон Ҷалилов, мудири шуъбаи робитаҳои хориҷии Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам. Мавсуф зикр кард, ки ба ғолибони озмуни ҳофизони Қуръони маҷид ҷоиза ва туҳфаҳо тақдим мешаванд.

Апрель 18, 2013 11:13

Хабарҳои дигари ин бахш