Ҷаласаи муштараки ММ МН МО Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 22, 2013 11:40

Душанбе, 22 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- 26 апрели соли 2013 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи чоруми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум баргузор мегардад, ки дар он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Паёми навбатии худро ба Маҷлиси Олии кишвар ироа месозад. Аз дастгоҳи палатаи болоии парлумони мамлакат ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ рӯзҳои 24-25 апрели соли равон аз соати 8:00 то соати 17:00 ва рӯзи 26 апрел аз соати 6:00 то соати 7:30 дар бинои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ошёнаи якум, утоқи якум ба қайд гирифта мешаванд. Аъзои палатаи болоӣ ва вакилони палатаи поёнии парлумони мамлакат имкон доранд ҷиҳати номнависӣ бо телефонҳои 221-98-35, 221 89-35 дар тамос бошанд. Ҷаласаи чоруми муштараки Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ 26 апрел дар маҷлисгоҳи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, сипас дар Маҷмааи давлатии «Кохи Ваҳдат» -и пойтахт идома меёбад.

Апрель 22, 2013 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст