Ҷаласаи навбатии Клуби матбуот

Апрель 26, 2013 13:42

Душанбе, 26 апрел. (АМИТ «Ховар», Марҳабо Зунунова). – Дар ҷараёни ҷаласаи навбатии клуби матбуот, ки чанде пеш дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, ҷиҳатҳои мусбату манфии пайвастани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсияи Гаага оид ба афзалиятҳои усули ошкорои ҳуҷҷатҳо, таъсири онҳо ба афзоиши сармоягузорӣ дар кишвар ва беҳдошти савдои наздисарҳадӣ дар маркази диққати журналистони васоити ахбори оммаи кишвар ва мутахассисони корпоратсияи молиявии IFC (ИФК) қарор доштанд. Мулоқот бо журналистони тоҷик яке аз тадбирҳои муҳим дар доираи сафари муовини Дабири кулли Конфенсияи Гаага оид ба ҳуқуқи инфиродию байналмилалӣ Кристоф Бернаскони ба Тоҷикистон буд. Дар ҷараёни мулоқот зикр шуд, ки Конфронси Гаага оид ба ҳуқуқи инфиродию байналмилалӣ аз соли 1893 инҷонию арзи вуҷуд дорад.

Апрель 26, 2013 13:42

Хабарҳои дигари ин бахш