Ҷаласаи Шӯрои Созмони талабагон дар «Душанбе — плаза»
Душанбе, 29 апрел. (АМИТ «Ховар» Зарангез Латифова).-Тибқи нақшаи Шӯрои ҷумҳуриявии Созмони талабагони Тоҷикистон ба номи Исмоили Сомонӣ 27 – уми апрели соли 2013 бо иштироки аъзои Шӯро ҷаласаи Шӯрои ҷумҳуриявии Созмони талабагон дар муассисаи давлатии «Душанбе — плаза» баргузор гардид. Дар барномаи ҷумҳуриявии Созмони талабагон аз вазъи фаъолияти созмони талабагони Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони марказҳои кӯдакон ва наврасони вилоятҳо ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ маълумот доданд. Дар ҷараёни кори Шӯро зикр шуд, ки «вазифаҳои асосии Созмони талабагони муассисаҳои таълимӣ дастгирии ҳимояи ҳуқуқӣ, фароҳам овардани шароит барои худмуайянкунӣ , худинкишофдиҳӣ ва худифшосозии кӯдакон дар раванди фаъолияти пурҷӯшу хурӯши эҷодӣ ва меҳнати фоиданоки ҷамъиятӣ аст». Созмони талабагӣ ҳамчун иттиҳодияи ҷамъиятӣ ба узвияти худ тамоми кӯдакон ва наврасони синни мактабиро дар муассисаҳои таълимӣ ва муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ фаро мегирад. Мазмун ва мундариҷаи фаъолияти Созмони талабагон дар ҳамбастагӣ ва ҳамкорӣ барои татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон « Дар бораи масъулияти падару модар дар таълим ва тарбияи фарзанд» амалӣ мегардад. Оид ба ин масъала сардори Раёсати маорифи шаҳри Душанбе Ҳ. Фақеров андешаҳои худро иброз намуд. Аз рӯи барномаи кории Шӯрои ҷумҳуриявӣ оид ба фаъолияти Созмони талабагони муассисаҳои таълимӣ ва таҳсилоти иловагии шаҳри Душанбе директори муассисаи давлатии Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳр Комил Холов иттилоъ дод. Барои ҷолиб ва хотирмон гузаштани ҷаласаи Шӯрои ҷумҳуриявӣ кумитаи тадорукот ба меҳмонон барномаи пурмазмун пешниҳод намуд. Намояндагони Шӯрои ҷумҳуриявии Созмони талабагӣ аз фаъолияти Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе, Маркази кӯдакон ва наврасони ноҳияи Сино ва мактаби таҳсилоти умумии № 93 дидан намуданд.








Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад






