Ҷашнвораи Маргарита Қосимова дар Сафорати Тоҷикистон
Душанбе, 12 апрел (АМИТ «Ховар»).- 10 апрели соли 2013 ба зодрӯзи коргардони кино, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Маргарита Наимовна Қосимова 75 сол пур шуд. Дар ҷорабинии ҷашние, ки ба ин муносибат дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус баргузор гардид, Сафири Тоҷикистон Қозидавлат Қоимдодов паёмҳои табрикии вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзошоҳрух Асрорӣ ва сафоратро ба унвони соҳибҷашн қироат кард. Қ. Қоимдодов зикр намуд, ки М. Қосимова дар рушди кинои тоҷик саҳми арзанда дорад. Филмҳои ҳунарии ӯ, аз чумла, «Ҷӯра саркор», «Чашмаи гӯё», «Имрӯз ва ҳамеша», «Чор нафар аз Чорсанг», «Майдони парвоз», «Марди мутааллиқи ду зан» ба хазинаи тиллоии кинои тоҷик шомил шудаанд ва беҳуда нест, ки тайи солҳои дароз дар Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷӣ, аз чумла Русия, Фаронса, Олмон, ИМА, Шветсия, Корея, Сербия мавриди таваҷҷуҳи ҳаводорони санъат қарор доранд, дар кинофестивалҳои бонуфузи байналмилалӣ соҳиби ҷоиза гардидаанд. Сафир зикр намуд, ки М.Қосимова соли 1993 Ҷумҳурии Беларусро макони зисти доимии худ баргузида, дар ин ҷо фаъолияти пурсамари худро идома дод. Ӯ муаллифи чандин филми бадеӣ буда, дар Академияи санъати Беларус ба ҳайси профессор фаъолияти педагогӣ пеш мебарад, дар чорабиниҳои Сафорати Тоҷикистон фаъолона иштирок мекунад. Гарчанде дар давоми бист соли охир М.Қосимова дар Беларус зиндагӣ дорад, вале ҳамеша барои муаррифии фарҳанги миллати худ ҷаҳд мекунад. Суханронии Маргарита Қосимова бо изҳори миннатдорӣ ба Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Сафорати Тоҷикистон пур аз эҳсоси меҳру муҳаббати ватан буд. Ӯ зикр намуд, ки ҳеҷ гоҳ лаззати об ва ҳавои куҳистонро фаромӯш намекунад. «Дар охири феврал ё аввали март накҳати гули бодомро ҳис кардам», гуфт ӯ ва илова намуд, ки резорези гули зардолуро дар деҳаҳои Чоркуҳу Ворухи Исфара, талҳои сурхи Кӯлоб ва лоҷуварди Бадахшонро ҳамеша ёд мекунад.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






