Ҷавонон хабари мулоқот бо Президентро истиқбол карданд
Душанбе, 27 апрел. (АМИТ «Ховар», Баҳманёр Муродов).-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии кишвар дар баробари таҳлилу баррасии соҳаҳои мухталифи ҳаёти кишвар ба масоили ҷавонон ва тарбияи мутахассисони худшиносу ватандӯст ва дорои масъулияти баланди иҷтимоиву соҳиби донишу ҷаҳонбинии муосир диққати махсус зоҳир намуд. Зикр гардид, ки Ҳукумати Тоҷикистон дар ин самт кӯшишҳои зиёд ба харҷ медиҳад ва натиҷаи ин талошҳо ҳаст, ки танҳо дар соли 2012-ум аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳо 248 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бо 44 ҳазор ҷойи нишаст ва ба маблағи умумии 320 миллион сомонӣ ба истифода дода шудааст. Ҳамчунин Эмомалӣ Раҳмон таъкид кард, дар арафаи рӯзи ҷавонон мулоқоти Сарвари давлат бо намояндагони ҷавонони кишвар баргузор мегардад. Ин нуктаро ҷавонони кишвар хуш истиқбол карда, изҳори боварӣ намуданд, ки мулоқоти Президенти кишвар ҷавононро ба омӯзиши бештар ва ватандӯстиву ба миллат содиқ будан таҳрик медиҳад. Хабарнигори АМИТ «Ховар» чанд нафар ҷавонони фаъоли кишварро аз ин бобат пурсид, ки андешаҳои онҳоро дар зер меорем. Баҳром Раҳматов, аспиранти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд:-Мулоқоти Ҷаноби Олӣ бо ҷавонон баҳри ояндаи кишвар аҳамияти хеле бузург дорад, зеро ин мулоқот барои ҷавонон такони муҳим баҳри омӯзиш ва мустақилияти андеша хоҳад буд. Ҷавонон бо афкори тозаи хеш ба муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муроҷиат мекунанд ва бо ин роҳ аксари мушкилоти онҳо роҳи ҳалли худро меёбаду баҳри ояндаи арзанда ба худ роҳ мекушоянд Толиби Луқмон, хабарнигори рӯзномаи «Минбари халқ»:Ҷаноби Олӣ дар Паёми имсолаи хеш ба Маҷлиси Олии кишвар самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии давлатро муайяну мушаххас намуданд ва ба масоили ҷавонон низ таваҷҷуҳ карда шуд. Аз ҷумла, аз мардуми кишвар даъват ба амал оварданд, ки ятимону бепарасторон дастгирӣ ва бояд ба онҳо дасти кӯмак дароз карда шавад. Таъкид шуд, ки ҳар сол дар мактабҳои олӣ ҳазорон нафар ҳуқуқшиносу иқтисодшиносон омода мешаванд, дар ҳоле ки Тоҷикистон имрӯз ба муҳандисону бинокорон, энергетику технологҳо, барномасозон ва табибони баландихтисоси сатҳи байналмилалӣ ниёзи бештар дорад. Ҷаноби Олӣ ҳамчунин гуфтанд, ки моҳи оянда бо ҷавонони кишвар мулоқот хоҳанд кард. Гумон мекунам, ин ба тафаккури ҷавонони мо ва ҳалли мушкилоташон таъсири бузург хоҳад расонд.Насруллои Тӯра, донишҷӯи ДМТ:-Сарвари давлат ҳамеша ба масъалаҳои ҷавонон ва ҳалли мушкилоти онҳо диққати махсус зоҳир мекунад. Дар Паёми имсолаашон ба Маҷлиси Олии кишвар низ масоили ҷавононро баррасӣ намуданд. Мулоқоти Сарвари давлат бо ҷавонони фаъоли кишвар ба рушди ояндаи Тоҷикистон таъсири бузург хоҳад расонд, зеро ҷавонон ояндаи миллатанд.








5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад






