Ҷавонон касб меомӯзанд

Апрель 3, 2013 11:42

Турсунзода, 3 апрел. (АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев).- Литсейи касбии металлургии шаҳри Турсунзода, ки қаблан чун омӯзишгоҳи касбию техникии рақами 59 номбар мешуд, дар тайёр кардани кадрҳои зарурӣ барои КВД «Ширкати алюминийи Тоҷик» саҳми арзанда дорад. Муассисаи мазкур аз 1 июни соли 1976 таъсис ёфта, имрӯз ҳам бо ихтисосҳои харрот, кафшергари барқӣ, мошиначии кранҳои истеҳсолоти металлургӣ, электролизчии намакҳои маҳлулшуда, монтёри барқӣ оид ба таъмир ва хизматрасонии таҷҳизоти барқӣ, кафшергари газӣ, тракторчии мошинҳои истеҳсолоти хоҷагии қишлоқ мутахассис тайёр менамояд. Муассиса довталабонро ба гуруҳҳои курсҳои кӯтоҳмуддати семоҳа ба таври шартномавӣ қабул менамояд.

Апрель 3, 2013 11:42

Хабарҳои дигари ин бахш