Ҷилавгирӣ аз кирдорҳои нангин дар байни мактаббачагон

Апрель 24, 2013 09:24

Душанбе, 24 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасон»-и пойтахт ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳои кумитаҳои падару модарон, мақомоти марбутаи ҳифзи ҳуқуқ ва мудирияти кулли мактабҳои таҳсилоти умумии пойтахт ҷаласаи васеи масъулин доир гардид. Дар ин бора Шавкат Саидов-котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.  Ҷаласаи мазкур бо хулоса аз оқибатҳои фалокатбори ҳодисаи нангини дар мактаби таҳсилоти умумии №37-и ноҳияи Сино рухдода дар асоси дастури раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ҳамчун амали вокунишӣ нисбат ба пешгирии чунин кирдорҳои фоҷеаовари ноболиғон бо истифода аз қувваи аҳли ҷамоатчигӣ сурат гирифт. Ҷаласаро муовини раиси шаҳри Душанбе Санавбар Раҳимова сарварӣ намуда, дар он прокурори шаҳр Саймурод Қодиров ва муовини аввали сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе Саидхӯҷа Мирзохӯҷаев оид ба вазъи ҷинояткорӣ миёни ноболиғон, пайомадҳои татбиқи талаботи қонунгузорӣ нисбат ба онҳо ва волидайн гузориши муфассал доданд.

Апрель 24, 2013 09:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст