700 ҳазор барои соҳилмустаҳкамкунӣ
Кӯлоб, 23 апрел. (АМИТ «Ховар», С.Холов). – Масъулини Корхонаи воҳиди давлатии зудамали механиконидашудаи минтақаи Кӯлоб корҳои соҳилмустаҳкамкуниро дар якҷоягӣ бо хоҷагии об дар ҷамоати деҳоти Зиракӣ ва дар мавзеи комбинати хонасозии шаҳри Кӯлоб дар масофаи 360 метр ба итмом расонида, бо масолеҳи оҳану бетонии ҳаҷмаш яккуба мустаҳкам намуданд. Масолеҳи оҳану бетонии яккуба дар корхона истеҳсол гардида, дар ҳолатҳои фавқулодда истифода мешавад.Мавриди зикр аст, ки дар айни ҳол корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар мавзеи Лангар ва сойи Тебалайи ноҳияи Муъминобод ҷараён дошта, то ин муддат кормандон дар масофаи 500 метр корҳои соҳилмустаҳкамкуниро анҷом дода, 90 000 м (кв) симтӯр насб намуданд. Бо дастгирии Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби ҶТ ва бо маблағгузории Дирексия оид ба сохтмони иншооти ҳукуматии дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ 700 000 сомонӣ барои корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ҷудо гардида, инчунин 22 адад техникаи гуногунро ба ин самт равона сохтаанд.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






