9 кило бангдона дар «Опел-Астра»

Апрель 24, 2013 16:11

Душанбе, 24 апрел. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).-Аз ҷониби кормандони ШВКД дар ноҳияи Шоҳмансур зимни гузаронидани чораҳои фаврию ҷустуҷӯӣ ҳамчун гумонбар дар ғайриқонунӣ нигоҳ доштани маводи нашъадор шаҳрвандон Рустам Давлатов, соли таваллудаш 1990, сокини кӯчаи Айнӣ, Анвар Ҳаитов, соли таваллудаш 1992, сокини Заводи консервабарорӣ, Маллаев Аюбҷон соли таваллудаш 1987, сокини кӯчаи Яккачинори пойтахт, ки пеш бо моддаи 237 КҶ ҶТ суд шудааст, боздошт гардиданд.Тавре ки ба мухбири АМИТ «Ховар» аз ВКД иттилоъ доданд, ҳангоми азназаргузаронии мошини тамғаи «Опел-Астра», ки ба шаҳрванд Р. Давлатов тааллуқ дорад, аз дохили бағоҷ маводи нашъадори навъи бангдона, вазнаш 9 килою 620 грамм дарёфт ва мусодира шуд. Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.

Апрель 24, 2013 16:11

Хабарҳои дигари ин бахш