А. Атоев-ҷойгузини Д. Назриев

Апрель 9, 2013 11:17

Душанбе, 9 апрел (АМИТ «Ховар») .- Абдулфайз Атоев сардори Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии Вазорати корҳои хориҷӣ таъйин шуд.Тавре ки аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, мутобиқи фармони вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулфайз Атоев аз 10 апрели соли 2013 ба ҳайси сардори Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии Вазорати корҳои хориҷӣ ба кор оғоз мекунад. А.Атоев аз соли 2009 то 2013 ҳамчун Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Қундузи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон кор кардааст. Ёдовар мешавем, ки Давлат Назриев, собиқ сардори Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии Вазорати корҳои хориҷӣ мушовири сафири Тоҷикистон дар Беларус таъйин шудааст.

Апрель 9, 2013 11:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид