А. Атоев: «Кирдори сиёсатмадорони рус мухолифи шарикии стратегии ду кишвар аст»
Душанбе, 24 апрел. (АМИТ «Ховар»). – «Ҳамаи мову шумо шоҳиди он ҳастем, ки тайи чанд ҳафтаи охир аз ҷониби ВАО-и Федератсия Русия маъракаи ҳадафноки иттилоотӣ, ки ба паст задани обрӯву манзалати Тоҷикистон равона шудааст, оғоз гардидааст», — гуфт дар оғози брифинг 24 апрел сардори Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон Абдулфайз Атоев. Вай афзуд: «Тааҷҷубовар аст, ки дар ин маъракаи иттилоотӣ як гуруҳ мансабдорони сохторҳои давлатӣ, арбобони шинохтаи ҷамъиятӣ ва илмии Русия ҷалб гардидаанд».А. Атоев бо изҳори нигаронӣ зикр намуд, ки ин шахсони баландпояи ҳукумати Федератсияи Русия аз тариқи ВАО-и ин кишвар афкори аз ҳақиқат дур, туҳматомез ва таҳқиркунандаро паҳн менамоянд.«Ҳамин тариқ, муовини Сарвазири Федератсия Русия Дмитрий Рогозин ногаҳон барои аз назар гузаронидани қатораи Душанбе-Маскав дар сарҳади Русия ва Қазоқистон пайдо шуда, ҷараёни тафтиши вагонҳо аз тариқи шабакаҳои телевизионии Русия пахш мегардад. 20 апрели соли 2013 дар барномаи «Вести в субботу»-и шабакаи «Вести 24» Д. Рогозин арз намуд, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми убури сарҳади Русия аз тариқи нақлиёти роҳи оҳан шиносномаҳои дохилӣ, шаҳодатномаи таваллуд, шиносномаи баҳрнавард ва дигар ҳуҷҷатҳоро ба марзбонони Русия пешкаш менамоянд. Чунин изҳороти мансабдори баланпояи ҳукумати Русия аз ҳақиқат дур мебошад», — тазаккур дод А. Атоев. Номбурда илова намуд, ки ба ҳамин монанд, 18 апрели соли равон аз ҷониби роҳбари фраксияи Ҳизби либерал-демократии Русияи Думаи давлатии он кишвар В. Жириновский дар барномаи «Поединок»-и шабакаи телевизионии «Россия» нисбат ба Президенти Тоҷикистон ва миллати тоҷик суханҳои таҳқиромез ва носазо садо дод. А. Атоев муътақид бар он аст, ки чунин кирдору гуфтаҳои шахсиятҳои шинохташудаи сиёсии Русия ба сатҳи муносибатҳои дӯстона ва шарикии стратегии ду кишвар мухолифат мекунад.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






