Афғонистону Сербия ба СААД наздик мешаванд
Душанбе, 12 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Ба парлумонҳои Сербия ва Афғонистон мақоми нозир дар назди Ассамблеяи Парлумонии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ /СААД/ дода шуд. Дар ин ин хусус Шӯрои Ассамблеяи парлумонии СААД, ки дар қасри Таврическийи Санкт-Петербурги Русия баргузор гардид, қарори марбута қабул намуд. Дар назди парламентарҳо дабири кулли СААД Николай Бордюжа доир ба фаъолияти СААД дар соли 2012 ва нақшаю дурнамои он гузориш дод. СААД –Иттиҳоди сиёсию низомӣ буда, 15 майи соли 1992 созмон дода шудааст. Алҳол дар ҳайати СААД 6 давлат — Тоҷикистон, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Беларус ва Арманистон шомил мебошанд. Ду кишвари Қафқоз -Озарбойҷону Гурҷистон дар моҳи апрели соли 1999 ва Ӯзбекистон 28 июни соли 2012 аз узвият дар СААД даст кашиданд.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






