Ахбори муҳимтарини рӯз

Апрель 16, 2013 16:25

Гуфтушунидҳои Миср бо Сандуқи байналмилалии пул барои ҷудо намудани қарз ба маблағи 4,8 миллиард доллар бенатиҷа анҷом ёфт. —————————————-Хадамоти омори Украина иттилоъ додааст, ки соли гузашта даромади ин кишвар дар бахши сайёҳӣ 41,6 % афзуда, қариб ба 7 млрд доллари амрикоӣ расидааст. —————————————-Ҷияни сарватманди шоҳи Арабистони Саудӣ шоҳзода Ал Валид ибни Талал хостори он шуд, ки ба занҳои кишвар иҷозати рондани мошин дода шавад. Саудӣ ягона давлати дунёст, ки занҳоро аз ин ҳуқуқ маҳрум кардааст. —————————————-Дар Ҷопон шумораи шаҳрвандони синнашон аз 65 боло дар соли гузашта низ боло рафта, акнун 24,1 %- и аҳолии ин кишварро нафақахӯрон ташкил медиҳанд. —————————————-Ҷумҳурии исломии Эрон дар Халиҷи Форс мушакҳои навсохти худро озмуд.___________________________Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба кормандони Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх иҷозат надодааст, ки аз зиндонҳои ин кишвар дидан кунанд.Тарҷумаи Баҳманёр Муродов

Апрель 16, 2013 16:25

Хабарҳои дигари ин бахш