«Амалиёти чароғаки сурх» ва пешгирии қонуншиканӣ дар роҳҳо

Апрель 17, 2013 11:09

Душанбе, 17 апрел. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Бо мақсади таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ, инчунин риояи қоидаҳои ҳаракати роҳ аз тарафи ронандагон ва пиёдагардон дар шаҳри Душанбе «Амалиёти чароғаки сурх ва як моҳи бехатарии ҳаракати роҳ» бо ҷалби кормандони ғайриштатии милитсия ва дружиначиёни ихтиёрӣ гузаронида мешавад.Тавре ки сомонаи расмии ВКД хабар медиҳад, вақтҳои охир кам кардани шумораи кормандони БДА дар кӯчаҳои марказии шаҳри Душанбе боиси ниҳоят зиёд гаштани қонуншиканӣ аз тарафи пиёдагардон ва ронандагон гаштааст.

Апрель 17, 2013 11:09

Хабарҳои дигари ин бахш