Б. Одинаева: Таҳияи стратегияи зиддимухаддиротӣ- арзишмандтарин кор аз Паём то Паём

Апрель 22, 2013 16:57

Душанбе, 22 апрел. (АМИТ Ховар, Лутфия Эшонқулова).-Соле қабл Сарвари давлат дар Паёми солонааш ба Маҷлиси Олӣ зимни баррасаии вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ ва амниятии кишвар ва арзёбии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ифшои ҷиноятҳо, мубориза бо ҷинояткорӣ ва пешгирии он, аз ҷумла дар мавриди мушкилоти нашъамандӣ ва муқовимат бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир изҳори назар намуда, гуфт: “Яке аз масъалаҳои мубрами рӯз, ки ҳамагонро ба ташвиш овардааст, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир аст. Дар кишвар зидди ин зуҳуроти номатлуб муборизаи беамон бурда мешавад. Ҳарчанд ки дар ин самт натиҷаҳои мусбат ба даст омадаанд, вале то ба ҳол моро қонеъ намегардонанд ва ин фаъолият ба мусоидат ва ҳамкории тамоми табақаҳои ҷомеа ниёз дорад, зеро маводи мухаддир ба генофонди миллат зарба зада, ахлоқи ҷомеа, махсусан ҷавононро коҳиш медиҳад ва гузашта аз ин, чунонки борҳо гуфтем, яке аз сарчашмаҳои маблағгузории терроризм ва эҷоди хатар ба амнияти давлату ҷомеа ба ҳисоб меравад». Э. Раҳмон зарур шуморид, ки аз ҷониби Ҳукумати кишвар «Стратегияи миллӣ оид ба мубориза бар зидди маводи мухаддир барои солҳои 2013 – 2020» таҳия шавад.Маврид ба зикр аст, ки тӯли як сол аз ирсоли Паёми Президенти кишвар ба МО Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мубориза бо маводи мухаддир, ҷиноятҳои мухаддиротӣ, ҳамкориҳои байналмилалӣ ва пешгирии нашъамандӣ корҳои зиёдеро ба сомон расонд, ки таҳлил ва гузоришоти он сари вақт дастраси матбуот гардонида мешуданд. Вале арзишмандтарин коре, ки сомон ёфт, ин таҳияи «Стратегияи миллӣ оид ба мубориза бар зидди маводи мухаддир барои солҳои 2013-2020» буд, ки баъди аз ҷониби Сарвари давлат дар таърихи 13 феврали соли равон тасдиқ шудан татбиқи он оғоз гардид. Дар суҳбат бо мухбири АМИТ Ховар муовини директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Одинаева дар мавриди стратегияи мазкур ва зарурати татбиқи он ба таври муфассал сухан гуфт, ки дар зер фишурдаи онро ба диккати хонандагон пешниход мекунем. -Чӣ зарурате пеш омад, ки ниёз ба қабули ин стратегия пайдо шуд?-Аз замони истиқлолияти давлатӣ Тоҷикистон ҳама монеаҳои мубориза бо маводи мухаддирро низ аз сари роҳ бардошт ва як фазои мусоиди муқовимат бо ин падидаи зиддибашариро ба миён овард. Ҳама Конвенсияҳои зиддимухаддиротии СММ тасвиб шуданд ва ин роҳро бештар аз пештар барои ҳамкориҳои байналмилалӣ боз карданд.Дар зарфи бист соли охир роҳи дурударози танзими ин мубориза тай шуд ва кишвар чун яке аз муборизони мухаддирот дар арсаи байналмилалӣ эътироф гардид. Далели ин арзёбиҳои созмонҳои байналмилалии мубориза бо мухаддирот аст, ки кишвари моро дар радифи он мамлакатҳое қарор додаанд, ки аз ҳама бештар маводи нашъадор мусодира мекунанд. Дар ин муддат се барномаи умумидавлатӣ дар ин замина амалӣ гардид, ки зина ба зина имкониятҳоро барои мубориза бо мухаддирот ва нашъамандӣ дар кишвар фароҳам сохт, яке паси дигар мушкилот ҳалли худро пайдо кард. Бахусус, «Барномаи ягонаи давлатии мақсадноки пешгирии нашъамандӣ ва мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012», ки соли 2007 қабул шуда буд ва бартарияту камбудиҳои барномаҳои қаблиро ба ҳисоб мегирифт ва доираи васеи вазифаҳо ва тадбирҳоро дар бар мегирифт, соли гузашта ҷамъбаст гардид. Омилҳои таҳияи ин стратегия зиёданд ва яке аз он аз сол ба соли дигар афзудани ҷиноятҳои фаромиллӣ мебошад. Дар ин радиф ҷиноятҳои мухаддиротӣ низ рӯ ба афзоишанд. Чунончӣ, соли 2012 барои содир намудани ҷиноятҳои мухаддиротӣ 989 нафар ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд, ки 7,4% бештар аз соли 2011 мебошад. Дар зарфи 14 соли охир мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз муомилоти ғайриқонунӣ бештар аз 81 тонна маводи мухаддир мусодира намудаанд, ки зиёда аз 31 тоннаи он героин мебошад. Саҳми Агентии назорати маводи нашъаовар дар мусодираи мухаддирот дар зарфи ин солҳо зиёда аз 14 тонна буд. Стратегия аслан ба мисли як ҳуҷҷати бунёдӣ аст, ки самтҳои асосии сиёсати давлатии зиддимухаддиротии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян намуда, чораҳои мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва пешгирии нашъамандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро тарҳрезӣ мекунад. Ҳамзамон бо ин дар танзими ҳамкориҳои созанда миёни мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳо ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ барои таъмини амнияти шахсӣ, ҷомеа ва давлат як ҳуҷҷати асосӣ ба шумор меравад. -Стратегия бо кадом мақсад таҳия шуд ва кадом ҳадафҳоро дунбол мекунад? -Ҳар иқдом ҳадафе дорад ва беҳадаф касе кореро рӯи даст намегирад. Вақте лоиҳаи «Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» навишта мешуд, муаллифон ҳадафҳои мушаххасеро дар пеш гузоштанд ва кӯшиданд сохтори лоиҳа ҷавобгӯи ҳамин ҳадафҳо бошад.Чун дигар барномаҳои зиддимухаддиротӣ, ки дар бахши аввали суҳбати худ ёд кардем, стратегия низ бо ҳадафи саҳмгузорӣ дар коҳиши амалии густариши муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва истеъмоли ғайритиббии он, кам кардани оқибатҳои муомилоти ғайриқонунӣ барои бехатарии солимии аҳолӣ, ҷомеа ва давлат таҳия шуд. Ва ҳамзамон роҳҳои расидан ба ин ҳадафҳоро мушаххасан нишон медиҳад. Яъне, чӣ бояд кард, то ниятҳо рӯи коғаз намонанд? Аз ҷумла гуфта мешавад, ки низоми чораҳое, ки ба ташкили мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир равона шудаанд ва фошсозии саривақтии мубталоён ба нашъамандӣ такмил дода шаванд. Талабот ба маводи мухаддир миёни аҳолӣ коҳиш дода шуда, сифати табобат ва офиятбахшии тиббию иҷтимоии онҳо баланд бардошта шаванд. Низоми назорати давлатии муомилоти қонунии маводи мухаддир танзим шавад ва заминаҳои меъёрии ҳуқуқии назорати маводи мухаддир такмил дода шаванд. Стратегия дар ин замина ба таҳкиму рушди пажуҳишҳои мухаддиротӣ ишора мекунад, бояд барномаҳое тарҳрезӣ шаванд, ки ҷанбаҳои омӯзишӣ ва пажуҳишӣ дошта бошанд ва на танҳо табобати беморон, балки офиятбахшӣ ва ба сафи афроди солим баргардонидани онҳо мавриди таҳқиқу омӯзиш қарор дода шаванд. -Пас чӣ бояд кард, то коҳиши дастрасӣ ба маводи мухаддир муяссар гардад?-Ба ин савол стратегия посухҳои рушан ва мушаххас медиҳад. Чунончӣ, пешгирии қочоқи маводи мухаддир дар ин замина дар мадди аввал қарор мегирад, зеро то замоне интиқоли қочоқи навъҳои мухаталифи мухаддирот аз Афғонистон афзоиш меёбад, наметавон дар бораи коҳиши дастрасӣ ба мухаддирот ҳарф зад. Барои ин қабл аз ҳар чизи дигар низоми ҳифзи сарҳади давлатӣ бо роҳи зиёд кардани ҳайати шахсӣ, таъминоти моддию техникӣ, сохтмон ва навсозии иншоот таҳким дода шавад. Низоми боэътимоди пешгирӣ аз расмикунонии воситаҳои молиявие, ки аз муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ба даст омадаанд, бояд бунёд шаванд. Барои самаранокии корҳои фаврӣ ва пешгирӣ аз ҷурму ҷиноят ва сӯистеъмоли маводи мухаддир зарур аст омӯзиш ва бозомӯзии кормандони воҳидҳои зиддимухаддиротии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ дар муассисаҳои таълимии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шуда, Маркази ягонаи таълимӣ оид ба бозомӯзии кормандони мақомоти зиддимухаддиротии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ бунёд ёбад.-Кадом тадбирҳо омили коҳиши талабот ба маводи мухаддир мешаванд?-Як бахши муҳими стратегия ба чораҳое бахшида шудааст, ки коҳиши талабот ба маводи мухаддирро баҳс мекунанд. Дар ин замина пешниҳод мешавад, ки бояд муносибати манфии ҷомеа ба истеъмоли ¬ғайритиббии маводи мухаддир ташаккул дода шавад, тарзи ҳаёти солим бештар аз пештар таблиғ гардад, барномаҳои маърифатӣ барои омодасозӣ ва бозомӯзии мутахассисон оид ба пешгирии истеъмол аз маводи мухаддир таҳия ва татбиқ шаванд. Ҳамзамон омодасозӣ ва бозомӯзии намояндагони воситаҳои ахбори омма, ки дар масъалаҳои нашъамандӣ ва ҷиноятҳои вобаста ба маводи мухаддир менависанд, дар назар аст. Стратегия таҳия ва таҷдиди мунтазами нишондиҳандаҳо оид ба гуруҳҳои осебпазир ва пешгирии ҷиноятҳои марбут ба маводи мухаддир ва нашъамандӣ дар байни муҳоҷирони меҳнатиро низ аз мадди назар дур накардааст.-Ҳамкориҳо бо ҷаҳоне, ки зидди мухаддирот аст-Дар ҷаҳони муосир наметавон дар мубориза бо маводи мухаддир ба танҳоӣ пирӯз шуд ва ин ки ҷиноятҳо беш аз ҳар вақти дигар хислати байналмилалӣ касб мекунанд ва ба назар мерасад беш аз пеш гуруҳҳои ҷиноӣ аз кишварҳои мухталиф ба ҳам меоянд, ин муборизаву муқовимат низ бояд ҷаҳонӣ шавад. Аз ин рӯ як бахши муҳими стратегия ба ҳамкориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ихтисос гирифтааст. Дар ин бахш ба он ишора мешавад, ки механизми ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба бо кишварҳои хориҷи дуру наздик, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ тибқи конвенсияҳои дахлдори Созмони Милали Муттаҳид таҳким дода шаванд, восита ва имкониятҳо барои пешгирӣ ва муқовимат бо қочоқи маводи мухаддир аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба Тоҷикистон ва интиқоли минбаъдаи онҳо ба дигар кишварҳо самаранок истифода шаванд. Бо назардошти он ки Афғонистон марҳилаи таърихии бунёди нерӯҳои интизомии худро пушти сар мегузорад, дар стратегия таъкид мешавад, ки ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии Тоҷикистон дар омодасозӣ ва бозомӯзии мутахассисони хадамоти зиддимухаддиротии ин кишвари ҳамсоя ва давлатҳои дигари минтақа ширкати фаъолона дошта бошанд, зеро маводи мухаддир як сарчашмаи аслии маблағгузории созмонҳои террористӣ ва экстремистӣ дар ҷаҳон ба шумор меравад. Агар ҳадс зада шавад, ки солона тиҷорати маводи мухаддир дар сар то сари ҷаҳон аз 500 то 600 миллиард доллар фоида меорад, пас метавон азамати таҳдиди терроризм ва эктремизмро дарк намуд. Стратегия роҳандозии ин ҳамкориҳоро бо СММ, СПАД, СҲШ, САҲА ва Гуруҳи АвруОсиё ва дигар созмонҳои байналмилалӣ муфид ва самарабахш медонад. Ва таъкид мекунад, ки дар муҷаҳҳаз сохтан бо технологияи муосир дар самти назорати маводи мухаддир, ҳамчунин таҳияи барномаҳои маърифатӣ оид ба коҳиши пешниҳод ва талабот ба маводи мухаддир кишварҳои хориҷӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ ҷалб шаванд.-Аз татбиқи Стратегия чиро метавон интизор буд? -Ҳар барнома ҳадаферо дунбол мекунад ва муаллифони лоиҳаи пешниҳодӣ натиҷаҳоеро аз татбиқи он интизоранд. Стратегия низ интизориҳое аз татбиқи амалии худ дорад. аз ҷумла интизор меравад дар зарфи ин ҳафт сол оморе ба даст оянд, ки ҳикоят аз коҳиши амалии дастрасӣ ба маводи мухаддир ва талабот ба он дошта бошанд. Интизории дигар ин коҳиши зарар ва пешгирии оқибатҳои муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир аст. Дар ин ҳафт сол низоми давлатии пешгирии истеъмоли ғайритиббии маводи мухаддир ва ҷорӣ намудани усулҳои муосири табобат ва офиятбахшии гирифторони бемории нашъамандӣ такмил хоҳад ёфт ва низоми самаровари чораҳои муқобилият бо қочоқи маводи мухаддир амалӣ хоҳад шуд. Ҳамчунин назорати давлатӣ ба муомилоти қонунии маводи мухаддир роҳандозӣ хоҳад шуд. Фаъолиятҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ ва моддию молиявии зиддимухаддиротӣ такмил ёфта, ташвиқу тарғиб бо истифода аз воситаҳои ахбори омма ба фаъол гардидани шуури ҷамъиятӣ оид ба оқибатҳои фоҷеабори масъалаҳои вобаста ба истеъмоли маводи мухаддир амалан таъсир хоҳад расонд. Ҳамчунин фаъолияти самараноки низоми давлатии омӯзиши вазъи мухаддиротӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин мегардад.

Апрель 22, 2013 16:57

Хабарҳои дигари ин бахш

5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд