Барқияи табрикотии Э. Раҳмонӣ ба Президенти Италия

Апрель 24, 2013 15:34

Душанбе, 24 апрел (АМИТ «Ховар»).-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Италия Ҷорҷо Наполитано барқияи табрикотӣ ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла омадааст:«Ҷаноби Олӣ,Дар иртибот бо пирӯзиатон дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Италия сарфарозам ба Шумо табрикоти самимона ва таманниёти неки хешро ирсол намоям.Аз ин фурсати муносиб истифода карда, мехоҳам изҳори итминон намоям, ки муносибатҳои ҳасанае, ки то имрӯз байни кишварҳои мо ташаккул ёфтаанд, дар оянда низ рушду густариш пайдо намуда, ба манзури таҳкими дӯстии мардумонамон дар соҳаҳои мухталифи ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо мазмуну мундариҷаи мушаххас ғанӣ хоҳанд гашт.Ба Ҷаноби Олӣ сиҳатии комил ва пирӯзиву муваффақият, ба мардуми Италия — шукуфоӣ ва рифоҳ таманно дорам».Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Апрель 24, 2013 15:34

Хабарҳои дигари ин бахш