Баррасии истифодаи самараноки захираҳои энергетикӣ бо коршиносони байналмилалӣ

Апрель 25, 2013 10:32

Душанбе, 25 апрел. (АМИТ «Ховар»).-Дар доираи сафари анҷомдодаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Белгия бо даъвати Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон гуруҳи коршиносони байналмилалии Котиботи Паймони Нерў ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд. Дар ин робита вобаста ба баррасии масъалаи истифодаи самараноки захираҳои энергетикӣ дар Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ ба кори худ шуруъ намуд.Дар вохўрӣ масъалаҳои таҳия ва нашри тафсири амиқи стратегия ва сиёсати истифодаи самараноки захираҳои энергетикӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешниҳоди тавсияҳо аз ҷониби коршиносони байналмилалӣ бо истифода аз таҷрибаи давлатҳои пешрафта мавриди баррасӣ қарор дода шуд.Зикр кардан зарур аст, ки барои нашри тафсири мазкур эроду пешниҳодҳои ҳамаи муассисаҳои дахлдор ба соҳаи энергетика дар Чумҳурии Тоҷикистон, аз қабили вазорату идораҳои давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ, институтҳои молиявӣ ва ташкилотҳои ғайридавлатӣ , ки дар ҷаласа иштирок доранд, ба назар гирифта хоҳад шуд.Бояд қайд намуд, ки истифодаи самараноки захираҳои энергетикӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз масъалаҳои муҳим мебошад. Дар ин самт вазорат дар ҳамкорӣ бо институтҳо ва созмонҳои байналмилалӣ масъалаи мазкурро таҳти баррасии доимӣ карор дода, корҳоро дар ин самт пайгирӣ хоҳад кард.Дар ин бора аз котиботи Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Апрель 25, 2013 10:32

Хабарҳои дигари ин бахш