Баррасии робитаҳои ҳасанаи Тоҷикистону Русия дар шаҳри соҳили Нева
Душанбе, 11 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Таҳкими ҳамкориҳои мутақобилан судманди байнипарлумонӣ миёни Тоҷикистону Русия зимни мулоқоти раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев бо раиси Думаи Давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия Сергей Наришкин дар қасри Таврическийи Санкт-Петербург баррасӣ гардид. Дар ҷараёни мулоқот раисони парламентҳои Тоҷикистону Русия маҷмӯи масъалаҳои марбут ба тавсеаи робитаҳои дӯстонаву байнипарлумонӣ, вусъати татбиқи санадҳои сатҳи мухталифи байнидавлатию парлумониро баҳри танзими равандҳои муҳоҷирати меҳнатӣ ва ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ дар ҳар ду кишвар, инчунин соири масоили тақвияти робитаҳои ҳасанаи Тоҷикистону Русияро матраҳ сохтанд. Хотиррасон мекунем, ки ҳайати парлумонии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Маҳмадсаид Убайдуллоев-раиси палатаи болоии парлумони кишвар ҷиҳати иштирок дар чорабиниҳои Ассамблеяи Байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил /ИДМ/, Ассамблеяи Байнипарлумонии Иттиҳоди иқтисодии Аврупову Осиё /ИИАО/ ва Ассамблеяи Парлумонии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ /СААД/ дар шаҳри соҳили Неваи Русия –Санкт-Петербург қарор дорад.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст






