Беҳтар гардонидани сатҳи зиндагии занони деҳот

Апрель 5, 2013 15:03

Душанбе, 5 апрел. (АМИТ «Ховар» Зарангез Латифова).- Ба иттилои Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон дар доираи ҳамкорӣ бо олимони ташкилоти байналмилалии ИКАРДА оид ба таҳияи технологияи самарабахши соҳаи гӯсфанду бузпарварӣ ва чарогоҳ аз рӯи лоиҳаи «Беҳтар кардани сатҳи зиндагии фермерони хурд ва занони деҳот тавассути ба роҳ мондани коркарди пашм ва тибити буз» таҳқиқот бурда мешаванд. Ин лоиҳа дар ҳудуди ноҳияҳои Б.Ғафуров ва Ашти вилояти Суғд ва ноҳияи Ишкошими ВМКБ амалӣ мегардад.

Апрель 5, 2013 15:03

Хабарҳои дигари ин бахш