Беҳтаринҳои Душанбе: “Hyatt Regency», «Қанд» ва “Тайга”
Душанбе, 22 апрел.(АМИТ “Ховар”, Марзия Саидова).- “Hyatt Regency» зимни ҷамъбасти озмуни “Беҳтарин тарабхона, меҳмонхона ва ошхона” унвони беҳтарин меҳмонхонаи Душанберо соҳиб гардид. Дар озмун ҳамзамон беҳтарин тарабхонаи пойтахт — тарабхонаи «Қанд», “Тайга” бошад ошхонаи беҳтарини пойтахт гардид. Ғолибони озмун бо Ифтихорномаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе дар Рӯзи пойтахт, ки ҳамасола шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, сарфароз гардиданд. Ҳадафи асосии гузаронидани озмуни “Беҳтарин тарабхона, меҳмонхона ва ошхона” дар пойтахт- муаррифии сатҳи хизматрасонӣ ба шаҳрвандон ва меҳмонони пойтахт дар меҳмонхонаҳо, тарабхона ва ошхонаҳо, инчунин рушди соҳибкории хурду миёна ва дар ин замина ҷалби сармояи хориҷӣ ба иқтисодиёти пойтахт мебошад. Дар Рӯзи пойтахт дар баробари баргузории чорабиниҳои фарҳангию варзишӣ, инчунин як силсила озмунҳое, ки аз ҷониби шаҳрдории Душанбе қаблан эълон гардида буданд, ҷамъбаст шуда, ғолибони онҳо бо Ифтихорномаю туҳфаҳо сарфароз гардонида шуданд.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






