Бемории брутселлёз пешгирӣ мешавад

Апрель 6, 2013 10:32

Душанбе, 6 апрел. (АМИТ «Ховар» Зарангез Латифова).- Дар хоҷагии деҳқонии «Сафар»-и ноҳияи Данғара, хоҷагии деҳқонии «Нурулло Ашуров» ва хоҷагии деҳқонии «Мирсаидҷон»-и ноҳияи Восеъ, хоҷагии Қубодиёни ноҳияи Қубодиён оид ба касалиҳои брутселлёз ва сили чорвои калони шохдор ва парранда, дар хоҷагиҳои ноҳияҳои ноҳияҳои Данғара , Ҷилликӯл, Восеъ доир ба касалиҳои хавфноки парранда корҳои илмию амалӣ доир шуда истодаанд. Тибқи иттилои Академияи илмҳои кишоварзӣ ҳамчунин доир ба касалиҳои бактериявии моҳиҳо, дар вилояти Хатлон оид ба касалиҳои бештар паҳншудаи аспҳо ва бемориҳои хелминтозӣ , дар ноҳияи Фархор, Шаҳринав , Ваҳдат Рӯдакӣ, Ҷалолиддини Румӣ ва Вахш корҳои илмию амалӣ ҷараён доранд.

Апрель 6, 2013 10:32

Хабарҳои дигари ин бахш