Бохти дастаи футзали Тоҷикистон

Апрель 19, 2013 16:53

Душанбе, 19 апрел. (АМИТ «Ховар», Баҳманёр Муродов).-Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал дар бозии дуюми дӯстонаи худ аз тими мунтахаби Қувайт бо ҳисоби 3:7 мағлуб шуд.  Бар пояи иттилои Федератсияи футболи кишвар, ки дар машқҳои таълимиву тамринӣ зери раҳбарии сармураббии даста Дамир Камолиддинов дар ин кишвар қарор доранд, ду рӯз қабл низ дар аввалин бозии дӯстона аз дастаи Қувайт шикаст хӯрда буданд. Ҳамчунин гуфта шудааст, ки пагоҳ ҳайати дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон ба ватан бармегардад.

Апрель 19, 2013 16:53

Хабарҳои дигари ин бахш