Бонки миллӣ — ғолиби “Футболи хурд”
Душанбе, 15 апрел. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Дар варзишгоҳи “Спитамен”-и Вазорати корҳои дохилӣ ҷамъбасти мусобиқаҳои варзишӣ бахшида ба ҷашни байналмилалии “Наврӯз” зери шиори “Тоҷикистон Ватани Наврӯз аст” баргузор гардид. Аз рӯи иттилои Бонки миллии Тоҷикистон дар набардҳои варзишӣ мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, идораҳои давлатӣ ва корхонаю муассисаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзида, байни худ аз рӯи “Футболи хурд”, шашка ва шоҳмот қувваозмоӣ намуданд. Дар мусобиқа аз рӯи “Футболи хурд”дар қатори 29 даста (варзишгарони то 40 сола) футболбозони Бонки миллии Тоҷикистон иштироки фаъолона намуда, ба комёбиҳои назаррас ноил гардиданд. Ҳадаф аз гузаронидани чунин чорабиниҳои варзишӣ ин тайёрии ҷисмонӣ, ҷалби кормандон ба машғулиятҳо, мустаҳкам намудани саломатӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим мебошад ва он дар рушд ва тарғибу ташвиқи мусобиқа байни кормандони мақомоти қудратӣ ва дигар корхонаю идораҳои давлатӣ саҳми арзанда мегузорад.
Дар даври ниҳоии мусобиқа, варзишгарони БМТ барои сазовор гардидан ба ҷои аввали мусобиқа бо дастаи Ширкати мобилии “BABILON-М” муқовимат намуда, маҳорати хуб нишон доданд ва бо ҳисоби 5-2 ғолибиятро ба даст оварданд. Зимни ҷамъбасти мусобиқаҳои варзишӣ, дастаи варзишгарони БМТ бо мукофотҳои таъсиснамудаи Вазорати корҳои дохилӣ, аз ҷумла ҷом, медалҳо ва тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуд.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






