Боз ҳашт локомотиви Қазоқистон дар роҳҳои оҳани Тоҷикистон амал хоҳанд кард

Апрель 18, 2013 17:17

Душанбе, 18 апрел. (АМИТ «Ховар», Афшини Муқим).- Дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷамъияти саҳҳомии Ширкати миллии Роҳи оҳани Қазоқистон Аскар Мамин масоили дурнамо ва ҳамкориҳои кунунии дуҷониба дар бахши нақлиёти роҳи оҳан, тақвияти ҳамкориҳо дар бахши ҳамлу нақли транзитӣ ба воситаи Қазоқистон ва истифодаи локомотивҳои Қазоқистон дар роҳҳои оҳани Тоҷикистон баррасӣ гардид. Аскар Мамин иттилоъ дод, ки дар айни ҳол чор локомотиви ҷониби Қазоқистон дар роҳҳои оҳани Тоҷикистон фаъолият дорад ва дар нақша аст, ки бо имзои як шартнома дар оянда боз ҳашт локомотиви дигар низ дар роҳҳои оҳани кишвар ба истифода дода шавад. Зикр шуд, ки маблағи умумии ин лоиҳа беш аз 54 миллиону 800 ҳазор долларро ташкил медиҳад.  «Мо дар нақша дорем, ки ба ҳамкории худ бо сохторҳои марбутаи ҷониби Тоҷикистон ҳар чӣ бештар тақвият бахшем»,- иброз намуд дар охири суҳбати худ бо хабарнигорон Аскар Мамин.

Апрель 18, 2013 17:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад