Боздиди ҳайати «Сименс» аз Тоҷикистон

Апрель 9, 2013 11:48

Душанбе, 9 апрел (АМИТ «Ховар»).- Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Абдулмаҷид Достиев 4 апрел муовини президенти ширкати «Сименс» (Siemens LLC) дар Русия Сергей Криловро бино бар хоҳиши ӯ ба ҳузур пазируфт. Ҳангоми мулоқот роҷеъ ба робита ва сатҳи ҳамкории дуҷониба, ҷанбаҳои муҳими ҳамкорӣ ва роҳҳои густариши он табодули назар сурат гирифт.Бино ба таъкиди С. Крилов, як ҳайати баландпояи «Сименс АГ» бо роҳбарии ноиб — президенти он ширкат Д. Мёллер ният дорад 19 — 20 апрели соли ҷорӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон боздид ба амал оварад ва бо роҳбарияти вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ масоили гуногуни вобаста ба тавсеаи минбаъдаи ҳамкории мутақобилан судмандро мавриди баррасӣ қарор диҳад.Дар фарҷом сафир А. Достиев бо таваҷҷуҳ ба сиёсати дарҳои бози кишвар аз алоқамандӣ ва омодагии ҷониби Тоҷикистон ҷиҳати роҳандозӣ ва рушди ҳамкории самарабахш бо кишвару созмонҳо ва ширкатҳои гуногуни хориҷӣ ёдовар шуд ва изҳори умед кард, ки ташрифи ҳайати ширкати «Сименс» ба Тоҷикистон боиси таҳкими беш аз пеши ҳамкории дуҷониба хоҳад гардид.Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия хабар доданд.

Апрель 9, 2013 11:48

Хабарҳои дигари ин бахш