Бози мусовӣ шуд

Апрель 5, 2013 15:08

Душанбе, 5 апрел. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – Дастаи мунтахаби футболбозони навраси Тоҷикистон дар ҳошияи мусобиқоти Осиё дар гурӯҳи «С» бо дастаи мунтахаби Катманду вохӯрда, бозиро бо ҳисоби як бар як мусовӣ намуд.Дар вохӯрии дигари гурӯҳи «С» дастаи Афғонистон ба дарвозаи дастаи Бутон 14 тӯб ворид намуданд. Дар ин гурӯҳ дастаи Афғонистон бо 6 хол пешсафи мусобиқа мебошад. Футболбозони Тоҷикистон 4 хол ба даст овардаанд. 6 апрел онҳо бо Футболбозони Афғонистон вомехӯранд.Дар ин бора аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» доданд.

Апрель 5, 2013 15:08

Хабарҳои дигари ин бахш