«Бренди беҳтарини сол»-озмун

Апрель 19, 2013 10:24

Душанбе, 19 апрел. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). –Чанде пеш бо ташаббуси Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон нахустин ҷаласаи Кумитаи тадорукот ҷиҳати баргузории озмуни ҷумҳуриявии «Бренди беҳтарини сол» барпо гардид. Аз хадамоти матбуоти Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки кумитаи тадорукот аз ҳисоби намояндагони бахши давлатӣ ва бахши хусусӣ дар назди Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст. Дар ҷаласа вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Раҳимзода вобаста ба омодагӣ ва баргузории озмун вазифаҳои мушшахасро дар назди аъзои кумитаи тадорукот муайян намуд. Зикр кардан зарур аст, ки озмуни мазкур бори аввал дар ҷумҳурӣ баргузор мегардад. Яке аз нуқтаҳои муҳими масъала аз он иборат аст, ки бо ҳамроҳшавии Тоҷикистон ба Созмони Умумиҷаҳонии савдо, афзоиши воридоту содироти молу маҳсулот зиёд мегардад ва ин дар навбати худ эҳтимолияти шиддати рақобатнокиро ба миён орад. Аз ин хотир, ҳадафи баргузории озмун аз он иборат аст, ки ширкатҳо ва ҳама истеҳсолкунандагони молу хизматрасониҳо дар пешбурди бренди худ ҳавасманд гарданд.Ҳамзамон озмуни мазкур бояд нишон диҳад, ки бренд чӣ гуна бартариятҳои рақобатнокиро ба ширкатҳо дар бозор ва пешрафти тиҷорат медиҳад.Ба андешаи мо, иштирок ва ғолибият дар чунин озмун барои ширкатҳо боиси ифтихор буда, обрўи онҳоро дар бозор баланд мебардорад.

Апрель 19, 2013 10:24

Хабарҳои дигари ин бахш