Бунёди корхонаи коркарди нафт дар Данғара

Апрель 24, 2013 09:25

Душанбе, 24 апрел. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дирӯз, 23 апрели соли ҷорӣ ҷиҳати татбиқи лоиҳаи сармоягузорӣ миёни Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати чинии «Dong Ying Heli Investment Development» Co. Ltd Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ва шарикӣ ба имзо расид.Роҳбарияти ширкати «Dong Ying Heli Investment Development» Co. Ltd изҳор намуд, ки ислоҳоти тайи солҳои охир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалишаванда ва ҳамчунин фазои мусоиди сармоягузории мавҷуда имкон медиҳад, ки ширкат дар Минтақаи озоди иқтисодии Данғара як корхонаи коркарди нафтро бо иқтидори солонаи 1,2 млн. тонна нафти хом тарҳрезӣ ва мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳад.Дар давраи аввал корхона бо иқтидори солонаи 300 ҳазор тонна нафти хом дар як сол бо сармоягузории 45-60 млн. доллари ИМА анҷом дода мешавад.

Апрель 24, 2013 09:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст