Cафири Тоҷикистон эътимодномаашро ба Президенти Покистон супорид
Душанбе, 26 апрел (АМИТ «Ховар»).- 24 апрели соли 2013 Cафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон Шералӣ Ҷононов эътимодномаи хешро ба Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ супорид. Зимни қабули эътимодномаҳо Президенти Покистон Сафири Тоҷикистонро гарм истиқбол намуда, изҳори боварӣ намуд, ки ин таъйинот ба муносибатҳои анъанавии дӯстии байни ду кишвар такони нав дода, онҳоро ба сатҳи сифатан нав хоҳад бардошт. Дар маросими супурдани эътимоднома ҳолат ва дурнамои рушди муносибатҳо байни Тоҷикистону Покистон дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, нақлиёт ва энергетика, инчунин робитаҳои фарҳангию гуманитарӣ баррасӣ гардиданд. Зикр шуд, ки барои рушди минбаъда ва тавсеаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд, аз ҷумла фаъолтар гардидани онҳо дар самтҳои гуногун имкониятҳои бузурге мавҷуданд. Ш. Ҷононов ба Роҳбари давлати Покистон дар партави баромади Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди кормандони хадамоти дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи 15 марти соли 2013 оид ба нақшаҳои рушди минбаъдаи муносибатҳои байни Тоҷикистону Покистон маълумот дод.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






