Чанд хабар аз хориҷи кишвар
Фармони нави Умар Ал-Башир
Душанбе, 4 апрел .(АМИТ «Ховар»).-Ҳафтаи равон Президенти Судон Умар Ал-Башир дар бораи озод кардани ҳамаи маҳбусони сиёсӣ фармон ба имзо расонд. Ба гуфти хабаргузорони дохилӣ қарори президент дар ҷараёни суханронии ў дар парлумони мамлакат содир шуд. Ҳанӯз теъдоди зиндониёни сиёсие, ки бар асоси фармони Умар-Ал-Башир озод шудаанд, маълум нест. Ин тасмими президент дар ҳоле сурат гирифт, ки муноқишаҳо миёни Судон ва Судони Ҷанубӣ коҳиш ёфтааст. Президенти Судон афзудааст, ки давлат гуфтушунидҳоро бо тамомии гуруҳҳои силоҳбадаст ва аҳзоби сиёсӣ идома медиҳад. Гуфта мешавад, ки Судон аз замони ба даст овардани истиқлолият аз Судони Ҷанубӣ дар соли 2011 бо шароити бади амниятӣ рў ба рў аст. Обхезии шадид дар Маврикий
Душанбе, 4 апрел .(АМИТ «Ховар»).- Тавре ки расонаҳои ҳабарии Аврупо мегӯянд, ҳафтаи равон дар ҷумҳурии Маврикий бар асари обхезии шадид 11- нафар ба ҳалокат расида, чанд каси дигар бе ному нишон шудаанд. Кормандони Хадамоти наҷотдиҳӣ ва ҳолатҳои фавқулоддаи кишвар сокинонро ба ҷои бехавф кӯчонида ва аз паи ҷустуҷӯи одамони гумшудаанд. Аз ҳама бештар ба пойтахти мамлакат- шаҳри Порт-Луӣ хисорот ворид шудааст. Офати табиӣ ҳамзамон садҳо нафар шаҳрвандони кишварро аз манзили зист маҳрум сохтааст. Дар айни ҳол бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ дар Маврикий идома дорад. Ҳавошиносон боз ҳам бад гардидани вазъи ҳаворо пешгўӣ мекунанд. Аз ин рў, ҳукуматдорон аз сокинони кишвар дархост намудаанд, ки бидуни зарурат манзилҳои зисти худро тарк насозанд.
Ислоҳоти иқтисодӣ дар Кореяи Шимолӣ
Душанбе, 4 апрел .(АМИТ «Ховар»).- Ҳукуматдорони Кореяи Шимолӣ ислоҳоти иқтисодиро пеш гирифтаанд. Тавре ки расонаҳои хабарии кишвар иттилоъ медиҳанд, рўзи душанбеи ҳафтаи равон вакилони парлумони кишвар барои гузарондани ислоҳоти иқтисодӣ бо мақсади баланд бардоштани сатҳи некўаҳволии шаҳрвандон ҷаласаи фаврӣ доир намуданд. Дар ҳамин ҳол Пак Пон Чжу боз ба мақоми сарвазирӣ баргашт ва масъалаи ислоҳоти иқтисодӣ ба зиммаи ў вогузор шудааст. Тарҷумаи Иброҳими Ҳабибуллоҳ








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






