Чанд хабар аз хориҷи кишвар

Апрель 9, 2013 16:23

Эътирози маҳбусони Гуантанамо Душанбе, 9 апрел .(АМИТ «Ховар»).-Тавре ки расонаҳои хабарии Аврупо менависанд, маҳбусони Гуантанамо муддати чанд ҳафта мешавад, ки аз гуруснанишинӣ даст намекашанд. Дар айни ҳол дар ин намоиши эътирозӣ беш аз 30 нафар ширкат дорад. Мутахассисон мегӯянд, ки сабаби доир намудани чунин эътироз дар он аст, ки посбонони маҳбас маҳбусонро дар ҳуҷраҳои сард нигоҳ дошта, мавриди шиканҷа қарор медоданд. Бояд гуфт, ки маҳбас дар пойгоҳи ҳарбии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Куба қарор дорад. Дар ин ҷо нафароне маҳбусанд, ки дар содир кардан ва ё даст доштан дар амалҳои террористӣ гумонбар ҳисобида мешаванд. Соли 2008-ум Президенти Амрико Барак Обама ҳангоми маъракаи пешазинтихоботиаш ба сокинони кишвар ваъда дода буд, ки дар сурати президент шуданаш, фаъолияти маҳбаси Гуантанаморо қатъ менамояд, вале то имрӯз маҳбас фаолият дорад.Талаби сокинони Британияи Кабир Душанбе, 9 апрел .(АМИТ «Ховар»).- Сокинони Британияи Кабир аз вазири меҳнат ва нафақа талаб доранд, ки сараввал худ бо маоши камтарини зиндагӣ қаноат намуда, баъд маоши сокинонро кам намояд.Зимни як барномаи телевизионӣ вазир шикоят карда гуфт, ки баъди пардохти музди хизматрасонии коммуналӣ боқимондаи маблағаш барои як ҳафта 57 фунтро ташкил медиҳад. Изҳороти ў боиси нигаронии сокинон гардид. Ҳукуматдорон тасмим гирифтанд, ки дар рӯзҳои наздик музди маоши коргаронро 30 фоиз зиёд намоянд. Сокинони кишвар низ аз ҳукуматдорон талаб доранд, ки маоши онҳо 50 фисад зиёд шавад.Тарҷумаи Иброҳими Ҳабибуллоҳ

Апрель 9, 2013 16:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст