Чанд хабар аз хориҷи кишвар
Ҳодисаи нохуш дар Аляска Душанбе, 10 апрел .(АМИТ «Ховар»).-Тавре ки расонаҳои хабарии Аврупо менависанд, дар иёлати Аляскаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бар асари суқути чархболи кормандони Хадамоти наҷотдиҳӣ ва ҳолатҳои фавқулодда 3 нафар ба ҳалокат расидааст. Ба гуфти котиби матбуотии вазорат наҷотдиҳандагон бо мақсади сари вақт расидан ба маҳали таъйинот тавассути чархбол парвоз анҷом доданд. Онҳо мебоист нафарони зери тармамондаро наҷот медоданд, аммо худашон дучори фалокат гардиданд. Дар ҷойи ҳодиса кормандони мақомоти марбута фаъолият бурда, сабабҳои дақиқи ҳодисаро муайян месозанд. Ҷаласаи корӣ дар Қоҳира Душанбе, 10 апрел .(АМИТ «Ховар»).-Ба гуфти роҳбари котиби матбуотии ҳукумати Миср Холид Машъал боз чанд соли дигар дар мақоми роҳбари сиёсии ҳаракати «Ҳаммос» боқӣ мемонад. Роҳбарияти ҳаракати мазкур бори дигар дар натиҷаи як овоздиҳии маҳдуд интихоб шудани ўро ба ин мақом тасдиқ карданд. Ҷаласа ҳафтаи равон дар шаҳри Қоҳираи Миср сурат гирифт, зеро дафтари кории «Ҳаммос» аз Димишқ ба Қоҳира интиқол дода шудааст. Сабаби интиқоли дафтари кории «Ҳаммос»-ро мутахассисон дар он мебинанд, ки соли гузашта худи Машъал дар хусуси эҳтимолияти истеъфои худ изҳорот дода буд, вале баъдтар вобаста ба вазъияти сиёсии Шарқи Наздик қарори худро тағйир дод.Обхезии шадид дар Хорватия Душанбе, 10 апрел .(АМИТ «Ховар»).-Дар Хорватия боронҳои пай дар пай обхезии шадидро барангехтанд. Мутахассисони ҳавошинос боқӣ мондани чунин вазъияти вазнинро барои чанд рўзи дигар пешгӯӣ мекунанд. Обхезии шадид ба ронандагони воситаҳои нақлиёт мушкилоти зиёд пеш овардааст. Сокинони кишвар тавассути қаиқҳои махсус дар байни шаҳр ҳаракат мекунанд. Дар пайи тадбирҳои бехатарӣ ҳукуматдорон тасмим гирифтаанд, ки сокинони минтақаи офатро ба ҷойҳои нисбатан бехавф интиқол диҳанд Тарҷумаи Иброҳими Ҳабибуллоҳ








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






