Чанд хабар аз хориҷи кишвар
Душанбе, 11 апрел. (АМИТ «Ховар»). – Раиси шаҳри Лондон Борис Ҷонсон дар маркази шаҳр муҷассамаи собиқ Сарвазир Маргарет Тэтчерро, ки 8 апрел дар синни 87 аз олам гузашт, гузоштанист. Ҳоло бо дастури раиси шаҳри Лондон барои гузоштани муҷассама ҷойи муносибро интихоб мекунанд.ххх
Венесуэла ба интихоботи пеш аз мӯҳлат тайёрӣ мебинад. Иҷрокунандаи муваққатии вазифаи президент Николас Мадуро аз ҳизби ҳукмрони кишвар ба мансаби сарвари давлат пешбарӣ шудааст. Энрике Каприлес ҳарифи асосии ӯ ба шумор меравад. 11 апрел рӯзи охирини ташвиқу тарғибот дар мавриди интихобот мебошад.
ххх
Сенати Конгресси Иёлоти Муттаҳидаи Амрико хонум Салли Ҷуэллро дар мансаби вазири корҳои дохилӣ тасдиқ намуд. 87 нафар аъзои сенат ба тарафдории номзадии ӯ ва 11 нафари онҳо муқобил овоз доданд. Хонум Салли Ҷуэлл, ки фаъолияташро ба ҳайси муҳандиси ширкати истихроҷи нафт оғоз намуда буд, ба мартабаи вазири корҳои дохилӣ расидааст.
ххх
Кормандони пулиси шаҳри Маскав мардеро, ки бибиашро гаравгон карда буд, дастгир намуданд. Пештар ин шахс таҳдид мекард, ки дар сурати ба хонааш ҳамла овардани кормандони пулис бибиашро кушта ва лӯлаи газро метарконад.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






