Чанд хабар аз хориҷи кишвар

Апрель 25, 2013 10:58

Душанбе, 25 апрел. (АМИТ «Ховар»). – Дар пойтахти Бангладеш бинои маҷмаи тиҷоратӣ фурӯъ рафта, наҷотдиҳандагон чандин ҷасадро аз зери харобаҷот берун карданд. Мувофиқи хабари васоити ахбори оммаи Бангладеш, ҳангоми фурӯъ рафтани бинои 8 – ошёна қариб 6 ҳазор нафар дар он кор мекарданд.хххДар Қазоқистон тайёраи қиркунанда суқут кард, бар асари ин ҳодиса сарнишини тайёра ҳалок гардида, нафари дигари он дар беморхона бистарӣ шудааст. Мувофиқи тахминоти пешакӣ, тайёраи МИГ – 31, ки ба қарибӣ дар Русия таъмир шуда буд, бо сабабҳои техникӣ ба замин афтидааст. хххДар ҷараёни ҳамла ба яке аз биноҳои деҳаи ноҳияи Ғуниби Доғистон ду нафар силоҳбадастон нобуд карда шуданд. Дар натиҷаи амалиёти махсус ин бино оташ гирифтааст. хххДар ҳаққи ду шахсе, ки ба омодагӣ барои содир намудани амалиёти террористӣ дар роҳҳои оҳани Канада гумонбар шудаанд, айбнома кушода шудааст. Онҳо ба «сӯиқасд бо мақсади ба ҳалокат расонидани шахсони номаълум ба нафъи созмони террористӣ» айбдор карда мешаванд.

Апрель 25, 2013 10:58

Хабарҳои дигари ин бахш