Чанд хабар аз хориҷи кишвар

Апрель 30, 2013 11:05

Душанбе, 30 апрел. (АМИТ «Ховар»). – Дар Афғонистон бар асари суқут кардани ҳавопаймои нақлиётӣ ҳамаи 8 нафар сарнишинони он ҳалок гардиданд. Ҳавопаймои «Боинг – 747» баъди парвоз ҳамоно ба кӯҳ бархӯрда, оташ гирифт.хххРаиси Ҳизби коммунисти Венесуэла Ҳеронимо Каррера дар синни 91 вафот кард. Мавсуф яке аз аъзои кӯҳансолтарини ин созмони сиёсӣ буда, 67 сол дар сафҳои он фаъолият дошт.хххРоҳбарони Русия ва Ҷопон омодаанд, ки гуфтушунидро барои ҳалли масоили шартномаи сулҳомез вусъат бахшанд. Чунин аст яке аз натиҷаҳои мулоқоти Владимир Путин бо сарвазири Ҷопон Синзо Абэ. Сарвари ҳукумати Ҷопон тайи 10 – соли охир бори нахуст барои боздиди расмӣ ба шаҳри Маскав омад.

Апрель 30, 2013 11:05

Хабарҳои дигари ин бахш