Дар дарёи Хингов нерӯгоҳи нав бунёд мешавад

Апрель 16, 2013 12:49

Душанбе, 16 апрел. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Дар дарёи Хингов воқеъ дар ҷануби шарқии Тоҷикистон нерӯгоҳи нави барқӣ бунёд хоҳад шуд. Алҳол энергетикҳои Тоҷикистон лоиҳаи нерӯгоҳро тарҳрезӣ намуда, дар пайи пайдо намудани сармоягузорон мебошанд. Ба гуфтаи онҳо, барои татбиқи ин лоиҳа 150 миллион доллари амрикоӣ лозим аст.Тавре ки аз Вазорати энергетика ва саноати ҶТ ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, мувофиқи лоиҳа ду усули бунёди сарбанди нерӯгоҳ баррасӣ мешавад. Иқтидори ин нерӯгоҳи барқи обӣ 160 мегаватт буда, солее 960 миллион киловатт — соат нерӯи барқ истеҳсол хоҳад кард.

Апрель 16, 2013 12:49

Хабарҳои дигари ин бахш