Дар Душанбе Рӯзи Замин таҷлил мешавад

Апрель 19, 2013 11:04

Душанбе, 19 апрел. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова). – 22 апрел дар тамоми ҷаҳон Иди байналмилалии экологии «Рӯзи Замин» таҷлил мегардад. Дар ин рӯз намоишгоҳҳо доир гардида, дар ҳамаи гӯшаҳои сайёра, аз ҷумла дар Тоҷикистон низ чорабиниҳои гуногун роҳандозӣ мешаванд.Дар робита бо ин, Вазорати маорифи ҶТ якҷоя бо Маркази экологии ҷавонон ҳамоиши мутахассисони бахши муҳити зистро ташкил менамояд, ки иштирокдорони он филмҳоро дар мавзӯи экология ва масоили тағйири иқлим, сарфаи нерӯи барқ, ҳифзи табиат ва ҷуғрофияи Тоҷикистон тамошо мекунанд. Дар ҳошияи ин чорабинӣ ҳамчунин мизи мудаввар барои табодули таҷрибаи фаъолияти амалӣ дар бахши ҳифзи муҳити зист, таҳсилот ва тарбияи экологӣ доир мегардад.Дар ин бора директори Маркази экологии ҷавонони Тоҷикистон Юрий Скочилов ба АМИТ «Ховар» хабар дод.

Апрель 19, 2013 11:04

Хабарҳои дигари ин бахш